ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Дар бораи Ташкилот »

Сухани директори генералӣ

 Дӯстони мӯҳтарам,

Шуморо ба сомонаи Ташкилотамон «хуш омадед» гуфта, аз ташрифатон хеле шодам. Ташкилоти мо соли 2004-ум таъсис ёфта, мақсади асосии ташкилёбии он, таъминоти хизматрасонии  молиявии дастрас ба  аҳолии деҳоти  Тоҷикистон ва махсусан занҳо буд.

Имрӯзҳо ташкилоти мо, яке аз ташкилотҳои пешқадамтарин ва рушдкунандаи бахши молиявии Тоҷикистон ба  шумор меравад. Зиёда аз 75%-и сандуқи қарзии фаъоли мо ба хизматрасонии  аҳолии деҳот равона шудааст ва 45%-и шумораи умумии мизоҷонро  занҳо ташкил медиҳанд.  Сохтори қомёбиҳои Ташкилот аз кормандон, мизоҷон, ҷамъият ва муҳити атроф иборат аст. Фаъолияти Ташкилот дар ҷамъият нақши муҳимро мебозад,  ки он  ба рушди соҳибкорӣ кӯмак расонида, барои барқарорсозии иқтисодиёти давлат ва мустаҳкамшавии ҷамъиятҳои  маҳаллӣ мусоидат менамояд. Бе шубҳа, Ташкилоти мо муваффақияти худро дар кормандон мебинад. Мо кормандонро барои такмили ихтисос, инкишофи касбии онҳо, ба мансабҳои баланд расидан ва  инчунин ба риояи  қоидаҳои одоби расмӣ, чи дар Ташкилот  ва чи берун аз он ҳавасманд мегардонем. Бартарияти асосиро ҳамеша дар  одамон мебинем, ки новобаста аз ҷинс, миллат, маълумот ва ҷои истиқомат мизоҷони ҳақиқӣ ва бонуфузи мо  мебошанд. Диққати ташкилоти мо ба густариши ҳамкориҳои дарозмӯҳлат бо мизоҷон равона карда шудааст, ки  асоси ин муносибатҳо — боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар аст. Мо қарзҳои гуногунро, ки барои ҳалли масъалаҳои зиёд, аз қабили харидории техникаи хоҷагии қишлоқ,  кишти зироатҳои ғалладона, рушди соҳибкории хурд ва миёна, соҳибкории занон, оғози фаъолияти нав, маълумотнокии кӯдакон ва ғайраҳо заруранд, таҳия ва пешниҳод менамоем. Бо вуҷуди он ки қарзҳои хурд — танҳо яке аз воситаҳои молиявӣ мебошанд, онҳо ба одамон барои рост кардани қомат, мустақилона  таъсис додани ҷойҳои корӣ ва таъмин намудани камбудиҳои оилаи худ имкониятҳои воқеӣ фароҳам меоранд. Қарзҳои  хурд, дар гузашта  ин худ як намуди навгонӣ дар соҳаи қарздиҳӣ ба хисоб мерафт. Пайваста бо фоизҳои карзии муносиб ва ҷадвали  пардохти қарз, ин маҳз ҳамон воситаест, ки ба ҳар гуна норасогиҳои зиндагӣ имкониятҳои васеъро фароҳам месозад.

Ташкилоти мо соли 2013-ум, соҳиби иҷозатномаи амонатӣ гардида, низоми нави маълумотии бонкиро дастрас намуд ва сохтори ташкилию ҳуқуқӣ ва номи ташкилотро тағйир дод: аз Ташкилоти Қарзии Хурди «Ҳумо ва Партнёрҳо» ба Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Ҳумо» мубаддал гашт. Минбаъд, мо метавонем доираи хизматрасониҳои худро васеъ намуда, кушодани суратҳисобҳои пасандозӣ ва амонатӣ, хизматрасонии интиқоли маблағ ва қарздиҳиро бо асъори хориҷӣ дар якҷоягӣ бо маҳсулотҳои қарзии мавҷудбуда пешкаши мизоҷони худ гардонем.

Мо инкишофи худро идома дода, дар ҷустуҷӯи самтҳои нав ҳастем ва лоиҳаҳои навро ба мизоҷон пешниҳод менамоем. Агар Шумо бо мо бошед, хушҳол мегардем.

Ҳамеша омодаи мулоқот ҳастам ва шумо метавонед тавассути почтаи зерин бо ман тамос гиред. office@humo.tj

Бо эҳтиром, Ваисова Мавсуда. 

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ