ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Дар бораи Ташкилот »

Шӯрои нозирон

ИЛҲОМ АБДУЛЛОЕВ, ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯВИИ ШУЪБАИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСТИТУТИ «ҶАМЪИЯТИ КУШОДА» — БУНЁДИ МАДАД ДАР ТОҶИКИСТОН. РАИСИ ШӮРОИ НОЗИРОНИ ҶСП  ТАҚХ «ҲУМО» 


Илҳом Абдуллоев дар ҳоли ҳозир Директори иҷрояи Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоқикистон мебошанд. Ҳамзамон Илҳом Абдуллоев мушовири Бонки ҷаҳонӣ ва тадқиқотчии Институти аврупоии омӯзиши захираҳои меҳнатӣ ҳастанд. Ӯ инчунин ба сифати иқтисодчии Агентии давлатии омори ҶТ, ҷонишини сардори шуъбаи равобити байналмилалии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ҳамоҳангсози барномаи рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, Менеҷер оид ба бурсҳо ва Директори барномаҳои дастгирии соҳибкории навташкил ва фарҳанг ва ҳунар дар Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон кор кардааст.  Илҳом Абдуллоев Раиси Шӯрои Нозирони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии «Ҳумо» мебошанд.

Илҳом Абдуллоев дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (кафедраи «Равобити байналмиилалии иқтисодӣ», 2006-2009) дарс додаанд ва собиқ ёрдамчии профессори Донишгоҳи Ратгерс (факултети Иқтисодиёт, ИМА, 2011-2013) мебошанд. Илҳом Абдуллоев соҳиби дараҷаи илмии Доктори иқтисоди (PhD) Донишгоҳи Ратгерс (ИМА), ва дараҷаи Магистри донишгоҳи Сент-Эндрюс (Бритониёи Кабир) ҳастанд. Диссертатсияҳои ӯ сарфарози ҷоизаҳои Донишгоҳи Ратгерс — Алфред Эйшнер ва Монро Берковитс гаштаанд. Илҳом Абдуллоев аъзо-кореспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

МАРТИН ВИЛЛЕМЮР (MARTIN VILLEMURE), АЪЗОИ ШӮРОИ НОЗИРОНИ ҶСП ТАҚХ «ҲУМО»















ЗАФАР ХУДОЙКУЛОВ, АЪЗОИ ШӮРОИ НОЗИРОНИ ҶСП ТАҚХ «ҲУМО»


ТАЛАНТ СУЛТАНОВ, АЪЗОИ ШӮРОИ НОЗИРОНИ ҶСП ТАҚХ «ҲУМО»


Талант Султанов муовини президент оид ба масъалаҳои молиявии Донишгоҳи америкоии Осиёи марказӣ (АУЦА) мебошад. Талант солҳои 2006—2010, пеш аз ба ДАОМ (АУЦА) ба кор омадан, ба ҳайси мудири шӯъба дар Департаменти маблағгузории молиявии ҶС «Казкоммертсбонк»-и ш. Алматои Қазоқистон кор мекард. 

Қаблан Талант дар Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ) кор мекард: солҳои 2005—2006 ба ҳайси мушовир дар идораи муовини президент оид ба мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи марказӣ дар Сарраёсати ш. Вашингтон; солҳои 2003—2004 ба ҳайси мутахассис оид ба равобит дар Намояндагии БУ дар Осиёи марказии ш. Алмато.

Ӯ солҳои 2001—2003 ба ҳайси директори равобит дар лоиҳаи «ЮСАИД» ва Корпоратсияи «КАРАНА» оид ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Осиёи марказӣ кор кардааст. Инчунин, ӯ ба ҳайси директори лоиҳаи муштараки Донишгоҳи Мичиган ва Донишгоҳи байнамиллалии Қирғизистон (2000—2001, ш. Бишкек) ва координаторҳои стипендияҳо дар такшилоти Шӯрои корҳои ҷаҳонии (World Affairs Council) ш. Сан-Франсиско (1998—2000) фаъолият кардааст.

Талант Султанов соли 2006 Донишгоҳи Колумбияро хатм карда, соҳиби дараҷаи магистр бо ихтисоси молияи байналмилалӣ гардидааст. Инчунин, Талант соли 1999 Донишгоҳи давлатии Сан-Франсискоро бо дипломи бакалавр хатм намуда, донишҷӯи беҳтарини факулта шинохта шуда буд.

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ

Асъор*
Маблағ*

150-140000 СОМОНӢ ё 30-30000 USD

Шаҳр*

Шаҳри наздиктаринро нисбати ҷойгиршавии ҷои истиқомати худ интихоб намоед

Район*

Район, Ҷамоат, маҳали зистро муайян намоед

Оиди Ташкилот аз куҷо фаҳмидед*
Шарҳу эзоҳи худро гузоред:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки