ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ »

Пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун усули пардохти муносиб

Пардохти ғайринакдӣ — ин яке аз шаклҳои мусоидатноки муҳосибот мебошад.
Шакли мухосиботи ғайринақдӣ чнст? Муҳосиботи ғайринақдӣ –ин пардохтест, ки бе истифода бурдани пулҳои нақд, бо рохи истифодаи чекҳо, кортҳои пластикӣ, талабномаҳои пардохт ва иловатан пулҳои электронӣ ва ҳамёнхои мобилӣ сурат мегирад

Пул — воситаи муҳосиботи тарафайн аст. Ҷамьият ба муъодили ҳаматарафа, ки дар намуди баъзе молҳо -  чизҳои мубодилашаванда зуҳур меёбад, ниёз дошт. Марҳалаи ибтидоиӣ - мол, давраи дуюм-тилло, мархалаи сеюм-давраи гузариш ба пулҳои коғазӣ ё қарзӣ буд.  Шакли қулайтар ва дастрасттари пул ба ривоҷи он мусоидат менамуд.  Имрӯз муҳосиботи электронӣ тадриҷан зарурати гардиши пулҳои нақдро аз байн мебарад.

ТАҲАВВУЛИ ПУЛ

Тӯли солҳои 60-70-и асри 20 кишварҳои зиёде дар бонкҳои худ тадриҷан низоми муҳосиботи кортиро  ҷорӣ карданд, ки он фавран  хусусияти байналмиллалиро пайдо намуд.

Дар замони ҳозира, вақте, ки шахси оддӣ дар давоми хафта 68 соатро бо телефон мегузаронад, воситаҳои муҳосиботи ғайринакдӣ ба зинаи сифатан нави  таҳаввулоти худ қадам мегузоранд. Масалан, дар иқтисодиёти Шветсия,  аз рӯи ҳисоботи байналмилалӣ,  пулҳои нақди ҳамагӣ 3% ҳаҷми умумии накдинагиро  ташкил медиҳанд, дар ШМА ин рақам  дар сатҳи 7%  қарор дорад. Шумораи зиёди кишварҳо ҳоло тадриҷан аз муҳосиботи нақдӣ ба усулҳои қулайтар, арзонтар ва самараноктари  тарзҳои муомилоти бенакд мегузаранд.

Дар марҳалаи имрӯза 18.5% аҳолии болиғи Тоҷикистон дорои суратхисобҳои бонкии бо кортҳои пластикӣ муҷаҳҳазшуда мебошанд.

Афзалиятҳои асосии муҳосиботи ғайринақдӣ чистанд?


МУСОИДАТНОК БУДАН
Яке аз афзалиятҳои асосии пардохтҳои ғайринақдӣ — чи кортҳои бонкӣ ва чи усулҳои дигари  муҳосиботи маҷозӣ бошад – ин барои истифода мусоидатнок будани онхост. Зарурати бо худ  гирифта гаштани маблағҳои калони пулӣ аз байн рафта  ҳамчунин пардохти хариди лозимӣ дар кишвар ва берун аз он доимо имконпазир мегардад. Зарурати ҳар бор пулро баровардан, пули калонро майда кардан  ё бақия гирифтан аз байн меравад. Масалан, барои соҳибони кортҳои бонкӣ шарт нест, ки пули нақдро аз банкомат гиранд, фақат кифоя аст, ки аз пардохти  ғайринақдӣ дар мағоза,  ҳангоми қабули хизматрасонии коммуналӣ ё мобилӣ истифода намоянд.

Гирифтани маблағи нақдӣ ба тариқи корт дар нуқтаи дилхоҳи хизматрасонӣ ва ё фавран фиристодани пул  аз корт ба шиносҳо ва наздикони  дар масофаҳои дур буда низ имконпазир гардид.

БЕХАТАРӢ
Воситаҳои муҳосиботи ғайринақдӣ, дар ҳолати дуруст истифода бурдан, роҳи аз ҳама бехатари пардохти молҳои харидашуда ва ё хизматрасонӣ мебошад. Аввалан, имконияти бе маблағи калон гаштан ва аз амнияти он хавотир нашудан пайдо шуд. Баъдан, дар ҳолати ғайб задани ҳамён (дуздӣ, гум кардан, нестшавии ҷисмонӣ ва ғайра) пули нақдро аз нав ёфтан  дар гумон аст, ҳол он ки  маблағҳои дар суратҳисоби корт ё мобилӣ бударо   блок кардан (бастан)мумкин аст. Камкунии хатари гум шудани маблағ ва имконияти барқарор намудани он  соҳиби пулро аз лиҳози ҳимояи молиявӣ дилпур мегардонад.

НАЗОРАТ АЗ ХАРОҶОТҲО
Воситаҳои муҳосиботи ғайринақдӣ ҳамаи пардохтҳои молҳо ва хизматрасониҳои гуногуни Шуморо нигоҳ медоранд. Маълумоти муфассал оиди хароҷот ба мо имконият медиҳад, ки ба саволи зуд-зуд ба худ медодагиамон - «Пул кучо шуд?» - ҷавоб пайдо кунем. Пардохти  хароҷот ба тариқи корти бонкӣ-ин дар амал вазифадор кардани бонк нисбати пардохт аз суратҳисоби Шумо аст. Дар ҳолати нусхаи электронии ҳама пардохтҳоро дар даст доштанатон Шумо  метавонед пулгузаронии лозимиро таҳти назорат нигоҳ доред. Масалан, агар моли пулаш пардохтшуда бесифат барояд ва Шумо нисбати бозгардонидани мол ҷавоби беасоси радкунандаро шунавед,  имконияти эътироз баён кардан мавҷуд аст.  

НИЗОМИ БУҶЕТӢ
Маълумотро оиди хароҷоти худ таҳлил намуда, Шумо метавонед буҷети худро беҳтар идора кунед ва хароҷотатонро қаблан ба нақша гиред. Имрӯз, ғайр аз маълумотномаҳои бонкӣ аз суратҳисоб, боз замимаҳои зиёди мобилӣ ва воситаҳои дигари назорати хароҷот вуҷуд доранд. Масалан, аз СМС-огоҳиномаҳои муқаррарӣ истифода бурда, Шумо  метавонед ба осонӣ оиди маблағт дар суратҳисобатон буда огоҳ шавед. Ин дар мадди аввал ба Шумо на танҳо ҷиҳати ихтисор кардани хароҷоти барзиёд ёрӣ мерасонад, балки барои пасандоз ва афзун кардани маблағҳоятон мусоидат мекунад.

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИЛОВАГӢ
Дар замони имрӯза хизматрасониҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳам аз ҷониби бонкҳо, ҳам аз тарафи як қатор муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ пешниҳод гардида, ба болоравии эътимоди мизоҷон равона шудаанд. Ба чунин хизматрасониҳо барномаҳои тахфифӣ ҷиҳати афзудани ҳавасмандкунӣ аз истифодабарии пардохтҳои ғайринақдӣ, ҳисоб кардани бонусҳо, имкониятҳои истифодабарии хизматрасониҳои  хадамоти ихтисосӣ (дар фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайра) ва пардохти бефоизи молҳо дар тамоми кишварҳои ҷахон мансубанд.

 

ТАҲАВВУЛИ ПУЛ

Тангаҳо аз фулузоти гаронбаҳо,  пулҳои қоғазӣ

 

Пулхои замонавии қоғазӣ,  тангаҳои майда

 

Пулхои ғайринақдӣ

 

Пул дар шакли пӯсти ҳайвонот, намак ва ғайра

 

Гардиши  мустақими пул

 

Фулузоти арзишнок дар намуди сабиқа

 

Тангаҳо

 

 

 

 

 

 

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.