ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Хизматрасониҳо »

Интиқоли маблағҳо

                                           

«Золотая Корона – Интиқоли маблағҳо» - хизматрасонии айнизамони интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб,  дорои 40 нуқтаҳои хизматрасонӣ дар қаламрави шаҳрҳои Руссия ва мамлакатҳои ИДМ мебошад. 

«Золотая Корона – Мубодилаи асъор» ин:

Суръат – маблағро баъд аз ирсол намудан, дар муддати 1 сония, ба даст овардан мумкин аст;

Дастрас – ҳаққи хизматрасонӣ барои гузаронидани маблағ дар қаламрави шаҳрҳои Руссия ва мамлакатҳои ИДМ, яке аз пасттарин буда, аз 0,7% (Русия, Қирғизистон, Молдова, Абхазия, Гурҷистон) иборат мебошад. Асъори интиқолӣ – рубл, доллар, евро;

Кулай – ишора намудани танҳо мамлакат ва шаҳре, ки маблағро интиқол менамоед, кифоя мебошад. Маблағгиранда метавонад, нуқтаи интиқоли маблағҳои барои худ қулайро интихоб намояд.

Назорат – огоҳ намудани вазъияти интиқол ба рақами телефони ирсолкунанда ва маблағгиранда бо воситаи паеми телефонӣ. Имконият барои тафтиш намудани вазъияти интиқол бо усули on-line дар сайти низоми «Золотая Корона – Интиқоли маблагҳо»: www.perevod-korona.com

Барои ба даст овардани маблағ, Шумо бояд:

  • Ба оператор РИН  (Рақамҳои интиколи назорати)-ро, ки аз 9 сифр иборат аст, гап занед.
  • Ҳуҷҷате, ки шахсияти шуморо тасдиқ мекунад, пешниҳод намоед. 

Корти ирсолкунанда – Ба шумо дигар лозим намеояд,ки аризаҳои варақиро барои интиқол пур намоед.

Корти мубодилаи асъор ҳамагӣ як маротиба ба расмият дароварда шуда, оиди шумо ҳамчун ирсолкунандаи интиқол ва ҳам оиди наздикони Шумо ҳамчун маблағгиранда маълумотро нигоҳ медорад.

Усули пардохти пулии «Контакт» аз соли 1999 боз ба роҳ монда шудааст.  Оператори усули Контакт  ҶСК ТКГ мебошад, ки асосгузори он - АКБ «Русславбанк» (ҶСП) инчунин барои он вазифаи маркази ҳисобиро иҷро мекунад. Аз нимаи соли 2014 то инҷониб усули Контакт ва Рапида дар чорчубаи холдингии ягона амал мекунанд.

Айни ҳол усули пардохти пулии Контакт, яке аз лидерони бозори хизматрасонии интиқолии платёжи  дар Руссия ва ИДМ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 900 институтҳои молиявии Россия ва дунё ҳарифони Контакт мебошанд, ки  шохаҳои шабакаҳои нуқтаҳои хизматрасонии онҳо зиёда аз 400 000 нуқтаҳоро ва дар  беш аз 160 давлат,  терминалҳои интиколиро иҳота кардааст.

Усули Контакт амалиётҳои интиқолиро барои зиёда аз 2000 шахсони юридикӣ  - бокҳои тиҷоратӣ,  муассисаҳои савдо, ширкатҳои сугуртавӣ ва туристӣ ва вакилони онҳо, интернет-провайдерҳо, операторҳои алоқа ва ғайраҳо иҷро менамояд

Ҳамасола аз хизматрасониҳои ташкилот миллионҳо мизоҷон дар тамоми дунё истифода мебаранд. Системаи Контакт дорои лаурияти премиявии «Ҳуқуқҳои истеъмолкунанда ва сифати хизматрасони - 2014» ва инчунин ғолиби секаратаи мусобиқаи умумируссиявии «Маркаи №1» дар Руссия» дар дараҷаи «Интиқоли маблағҳо» дар солҳои 2011, 2012, 2013 мебошад.

Барои гирифтани маълумоти пурра ба нишонаи зерин гузаред:  https://www.contact-sys.com/tariffs

Бонки миллӣ
Курс на 21.10.2017
Мубодилаи асъор
Калькулятори карзи


Намуди қарз:

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ

Асъор*
Маблағ*

150-140000 СОМОНӢ ё 30-30000 USD

Шаҳр*

Шаҳри наздиктаринро нисбати ҷойгиршавии ҷои истиқомати худ интихоб намоед

Район*

Район, Ҷамоат, маҳали зистро муайян намоед

Оиди Ташкилот аз куҷо фаҳмидед*
Шарҳу эзоҳи худро гузоред:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки