ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Хизматрасониҳо »

Лоиҳаи CLIMADAPT

Маблағгузорӣ дар доираи лоиҳаи «CLIMADAPT»

Қарзҳои барномаи «CLIMADAPT» барои маблағгузории лоиҳаҳои дар бахши хусусӣ пешбинӣ шудаанд, ки барои ворид намудани технологияҳои замонавию такмилёфта, ки барои муқобилат ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, равона карда мешаванд.
Воситаҳои мазкур барои технологияи наву мавҷудбуда, ки барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва энергия, инчунин паст кардани бодлесшавии (эрозияи) хок равона шудаанд, бояд истифода бурда шаванд.
Ба истеъмолкунандагони ин гуна қарзҳо барои ҳалли масъалаҳои интихоби технология ва таҷҳизот, рӯйхати таъминкунандагон ва насбкунандагон пешниҳод карда мешавад.

Механизми маблағгузории лоиҳаи «CLIMADAPT» аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) таҳия карда шудааст.

              
 
Қарзҳои ширкат дар доираи ин лоиҳа барои кишоварзон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва хонаводаҳо дастрас мебошанд.

Қарзҳо барои технологияи омехта, тасдиқшуда ва нав аз рӯи меъёрҳои мутобиқшавӣ нисбати таъғирёбии  иқлим баррасӣ карда мешаванд.

Барои истеъмолкунандагони қарзҳои мазкур, кӯмаки техникӣ бо таври ройгон ва машварати мустақил барои мусоидат дар қабули қарори муносиб оиди сармоягузорӣ ва интихоби технология пешниҳод карда мешавад.

Қарз ҳам барои шахсони воқеӣ ва ҳам барои шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.

Яке аз талаботи асосии пешниҳоди қарз бо лоиҳаи «CLIMADAPT» ин кам намудани сарфаи нерӯи барқ то 20%, сарфаи истифодаи об ба 10% ва кам намудани эрозияи замин то 10% аст.

Дар самти кишоварзӣ лоиҳаҳои  зерин метавонанд маблағгузорӣ карда шаванд:

•    Насби системаҳои обёрӣ ва назорати обёрӣ.
•    Ташкили боғҳо ва гармхонаҳо.
•    Истифодаи биомасса дар системаҳои гармдиҳӣ барои гармхонаҳо ва фермаҳо.
•    Таъмири қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо ва системаҳои тақсимкунии об дар биноҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ.
•    Насби системаи истифодаи такрории об;
•    Насби системаи ҷамъоварии оби борон;
•    Татбиқи чораҳои камкунии истифолаи энергия тавассути гармикунонии биноҳо, иваз намудани тирезаҳо, дарҳо, системаҳои гармдиҳӣ ва барқ.

Манфиатҳо:

  • Системаҳои бехатарии назорати об;
  • Идоракунии самараноки замин;
  • Сарфаи камтар;
  • Арзиши бештари хоҷагии дешқонӣ;
  •  Биноҳои такмилёфтаи хоҷагӣ тариқи гармкунонии бино ва насби таҷҳизоти замонавии истифодаи самараноки энергия (нерӯи барқ).


Дар самти таъмини манзили зист лоиҳаҳои  зерин метавонанд маблағгузорӣ карда шаванд:
Илова ба корҳои беҳтарсозии манзили истиқоматӣ, меёрҳои оддие, ки барои беҳтар гардонидани шароити зист метавонанд дар доираи КЛИМАДАПТ маблағгузорӣ шаванд:


•    Гармкунонии деворҳо ва бом;
•    Иваз намудани тирезаҳо, дарҳо ва балконҳо;
•    Насби термостат ба баттареяҳои обӣ (радиаторҳо);
•    Иваз намудани дегҳои бухории системаҳои гармдиҳӣ;
•    Иваз намудани фурӯзонакҳо;
•    Иваз намудани қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо ва ғайраҳо;
•    Насби системаи истифодаи такрории об;
•    Насби системаи ҷамъоварии оби борон.

Манфиятҳо:

  • Шароити беҳтари зиндагӣ;
  • Гармӣ ва комфорти беҳтар;
  • Хароҷоти камтар барои истифодаи энергия;
  • Арзиши афзудаи моликият;
  • Таъминоти беҳтари об бо лӯлаҳо ва обкашакҳои нав;
  • Тандурустӣ ва некӯаҳволии беҳтар.

Дар самти тиҷорат лоиҳаҳои зерин метавонанд маблағгузорӣ карда шаванд:

•     Замонавикунонии (модернизасияи) таҷҳизоти истеҳсолӣ;
•    Иваз намудани дегҳои бухории системаҳои гармдиҳӣ;
•    Таъмири қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо  ва системаҳои тақсимкунии об;
•    Насби системаи истифодаи такрории об;
•    Насби системаи ҷамъоварии оби борон;
•    Татбиқи чораҳои камкунии истифодаи энергия тавассути    гармикунонии биноҳо, иваз намудани тирезаҳо, дарҳо,  системаҳои гармдиҳӣ ва барқ.

Манфиатҳо:

  • Истифодаи самараноки об ва энергия.
  • Идоракунии беҳтари замин.
  • Сифат ва идорашавандагии беҳтар.
  • Сарфаи камтар.
  • Рақобатпазирии баланд.
  • Технология ва таҷҳизоти муосир, ки боиси иқтидори баланди маҳсулнокӣ мегарданд.

Чи тавр бояд ариза дод:
•    Дархости худро бо тавассути почтаи электронӣ web@humo.tj ирсол намоед, то ки мутахасиси корбар бо мизоҷон бо шумо дар тамос шаванд.
•    Ба рақамҳои (44) 640 55 44 занг зада, мутахасисони мо барои пур кардани дархост ва интихоби технология ва таъмингар ба шумо кӯмак мерасонанд.

Бонки миллӣ
Курс на 21.10.2017
Мубодилаи асъор
Калькулятори карзи


Намуди қарз:

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ

Асъор*
Маблағ*

150-140000 СОМОНӢ ё 30-30000 USD

Шаҳр*

Шаҳри наздиктаринро нисбати ҷойгиршавии ҷои истиқомати худ интихоб намоед

Район*

Район, Ҷамоат, маҳали зистро муайян намоед

Оиди Ташкилот аз куҷо фаҳмидед*
Шарҳу эзоҳи худро гузоред:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки