ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Хизматрасониҳо »

Қарздиҳии гурўҳӣ

Ташкилот таҷрибаи қарздиҳии гурӯҳии умумиҷаҳониро истифода мебарад. Асоси чунин методология, ин гурӯҳҳои мақсадноке мебошанд, ки аз 2 то 10 нафарро дар бар мегиранд. Гурӯҳҳо аз тарафи мутахассисони ташкилот ё сокинони маҳалла ва ноҳия ташкил дода мешаванд. Принсипи қарздиҳии гурӯҳӣ, ин кафолати аъзоёни гурӯҳ мебошад:

  • Ҳамаи аъзоёни гурӯҳи қарзӣ барои пардохти ҳам маблағи қарзи ба номи худ гирифташуда, ва ҳам маблағи умумии қарзи ба номи гурӯҳи карзӣ гирифташуда, якҷоя масъул мебошанд.
  • Гурӯҳҳо аъзоёни гурӯҳи худро мустақилона интихоб менамоянд. Чунин муносибат ба таъмин намудани пардохтҳои саривақтии қарз мусоидат мекунад.
  • Тавассути машваратҳои мутахассисони қарз ба аъзоёни гурӯҳ, оиди ҷараёни пешниҳоди қарз ва тартиби пардохти қарз маълумоти пурра ва аниқ фаҳмонда дода мешавад.
  • Мутахассисони қарз ба гурӯҳҳои ташкилшуда машварат дар мавзӯъи моҳияти менеҷмент, бурдани ҳисоботи бухгалтерӣ ва маркетинг гузаронида, ҳамеша онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Афзалияти асосии методологияи мазкур дар он аст, ки аҳолии деҳот ва аҳолии ноҳияҳои дурдаст, имконияти ба даст овардани қарзро надоранд, онҳо метавонанд аз қарздиҳии гурӯҳӣ истифода баранд.

ТАҚХ «Ҳумо» намуди қарзҳои гурӯҳии зеринро пешниҳод мекунад:

Қарз барои човодорӣ

Қарз барои парвариши чорво ба мизоҷоне, ки сармояи парвариш ва нигоҳубини чорво доранд, дода мешавад. Қарз барои чунин намудҳои чорво дода мешавад: буз, гӯсфанд, парранда, гов ва заргӯш.

Кафолат: кафолати гурӯҳӣ;
Маблағи қарз:  аз 150 то 8000 сомонӣ ба ҳар як аъзои гурӯҳ;
Мӯҳлати қарз : аз 3 то 24 моҳ.

Талаботҳои қарздиҳӣ ба ҳар як аъзои гурӯҳ

  • Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, синашон аз 20 сола боло;
  • Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ таҷрибаи корӣ доштан;
  • Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ;
  • Надоштани ӯҳдадориҳо назди шахсони сеюм;
  • Фаъолияти соҳибкорӣ бояд даромаднок бошад.

 Талаботҳои қарздиҳӣ барои гурӯҳ:

  • Шумораи аъзоёни гурӯҳ аз 2 то 10 нафар;
  • Мизоҷон бояд шиносномаи амалкунандаи ҶТ дошта бошанд;
  • Аъзоёни гурӯҳ принсипҳои кафолати гурӯҳиро қабул кунанд.

 Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

  • Талабномаи қарзӣ;
  • Шиносномаи шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҷои истиқомат;
  • Рақами мушаххаси РМА;
  • Агар фаъолияти мизоҷ қайди давлатӣ дошта бошад, доштани шаҳодатнома ва ё патент.

 


Қарз барои тиҷорат

Қарз барои тиҷорат ба тоҷир имкон медиҳад, ки маблағи дар гардиш буда ва воситаҳои асосии худро зиёд намояд. Ин маблағ барои чунин намуди фаъолиятҳо истифода бурда мешавад: хариду фурӯш, истеҳсолот, барои коркарди маҳсулот, харидорӣ намудани мошин (автомобил) ва хизматрасонии автомобилӣ.

Кафолат: кафолати гурӯҳӣ;
Маблағи қарз: аз 150 то 8000 сомонӣ ба ҳар як аъзои гурӯҳ;
Мўҳлати қарз: аз 3 то 24 моҳ.

Талаботҳои қарздиҳӣ ба ҳар як аъзои гурӯҳ

  • Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, синашон аз 20 сола боло;
  • Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ таҷрибаи корӣ доштан;
  • Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ;
  • Надоштани ӯҳдадориҳо назди шахсони сеюм;
  • Фаъолияти соҳибкорӣ бояд даромаднок бошад.

 Талаботҳои қарздиҳӣ барои гурӯҳ:

  • Шумораи аъзоёни гурӯҳ аз 2 то 10 нафар бояд бошанд;
  • Мизоҷон бояд шиносномаи амалкунандаи ҶТ дошта бошанд;
  • Аъзоёни гурӯҳ принсипҳои кафолати гурӯҳиро қабул кунанд.

 Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

  • Талабномаи қарзӣ;
  • Шиносномаи шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҷои истиқомат;
  • Рақами мушаххаси РМА;
  • Агар фаъолияти мизоҷ қайди давлатӣ  дошта бошад, доштани шаҳодатнома ва ё патент.


Қарз барои хоҷагии қишлоқ

Ин намуди қарз ба мизоҷон имконият медиҳад, ки маблағро барои ҳама намудҳои кишту кори хоҷагии қишлоқ истифода баранд. Маблағи гирифташуда метавонад барои тухмӣ, нуриҳои минералӣ, зархимикатҳо (пестицидов) ва сузишворӣ истифода бурда шавад.

Кафолат: кафолати гурӯҳӣ;
Маблағи қарз: аз 150 то 8000 сомонӣ ба ҳар як аъзои гурӯҳ;
Мўҳлати қарз: аз 3 то 24 моҳ.

Талаботҳои қарздиҳӣ ба ҳар як аъзои гурӯҳ

  • Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, синашон аз 20 сола боло;
  • Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ таҷрибаи корӣ доштан;
  • Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ;
  • Надоштани ӯҳдадориҳо назди шахсони сеюм;
  • Фаъолияти соҳибкорӣ бояд даромаднок бошад.

Талаботҳои қарздиҳӣ барои гурӯҳ:

  • Шумораи аъзоёни гурӯҳ аз 2 то 10 нафар бояд бошанд;
  • Мизоҷон бояд шиносномаи амалкунандаи ҶТ дошта бошанд;
  • Аъзоёни гурӯҳ принсипҳои кафолати гурӯҳиро кабал кунанд.

Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

  • Талабномаи қарзӣ;
  • Шиносномаи шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҷои истиқомат;
  • Рақами мушаххаси РМА;
  • Агар фаъолияти мизоҷ қайди давлатӣ  дошта бошад, доштани шаҳодатнома ва ё патент. 
Бонки миллӣ
Курс на 11.12.2017
Мубодилаи асъор
Калькулятори карзи


Намуди қарз:

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ

Асъор*
Маблағ*

150-140000 СОМОНӢ ё 30-30000 USD

Шаҳр*

Шаҳри наздиктаринро нисбати ҷойгиршавии ҷои истиқомати худ интихоб намоед

Район*

Район, Ҷамоат, маҳали зистро муайян намоед

Оиди Ташкилот аз куҷо фаҳмидед*
Шарҳу эзоҳи худро гузоред:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки