ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Хизматрасониҳо »

Қарздиҳии инфиродӣ

     Барномаи қарздиҳии инфиродӣ дар аввал ба он гурўҳҳои қарзие равона карда шудааст, ки фаъолияти онҳо аз доираҳои иқтибосҳои гуруҳӣ гузаштааст. Мизоҷони наве, ки фаъолияти соҳибкории худро дошта, эҳтиёҷ ба маблағ доранд, инчунин метавонанд аз қарзҳои инфиродӣ истифода баранд. Қарздиҳии инфиродӣ мувофиқи  стандартҳои бонкӣ  кор  мекунад.

     Дар қарздиҳии инфиродӣ қобилияти  фаъолияти мизоҷ ва таърихи қарзии ў ба назар гирифта мешавад. Хусусияти  асосии  чунин намуди  қарздиҳӣ  ин аст, ки  ба сифати гарав амволи манқул ва ғайриманқул, тилло  ва  ҷавоҳирот пешниҳод карда мешавад. Мизоҷоне, ки нияти ба даст овардани  қарз доранд, барои гирифтани маълумоти аниқ ва дақиқ доир ба шаффоф будани амалиёти бонкӣ, дар давраи махсуси шиносоӣ маълумот мегиранд. Чунин намуди шиносоӣ ройгонӣ буда, вазифаи муҳимро дар  ҷараёни карздиҳии ТАҚХ «Ҳумо» ташкил медиҳад.

Ташкилоти «Ҳумо» чунин намудҳои қарзҳои инфиродиро пешниҳод мекунад:

                                                                     

Қарз барои чорводорӣ

      Қарз барои парвариши чорво ба мизоҷоне, ки сармояи парвариш ва нигоҳубини чорво  ва инчунин қабули хизматрасониҳои ветеринарӣ доранд, дода мешавад. Қарз барои чунин намудҳои чорво дода мешавад: буз, гўсфанд, парранда, гов ва заргўш.

Таъминот: амволи манқул ва ғайриманқул
Маблағи қарз:  аз 100 то  30 000 доллари ИМА
Мўҳлати қарз : аз 3 то 24 моҳ.

Талаботҳои қарздиҳӣ

  • Шахсони воқеӣ,  синашон аз 20 сола боло
  • Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ  таҷрибаи корӣ доштан
  • Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ
  • Надоштани ўҳдадориҳо назди шахсони сеюм
  • Доштани таъминоти гарав

Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

  • Талабномаи қарзӣ
  • Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҷои истиқомат
  • Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА)
  • Шаҳодатнома оиди қайди давлатии соҳибкории инфиродӣ, литсензия ва ё патент

Қарз барои тиҷорат

     Қарз барои тиҷорат ба тоҷир имкон медиҳад, ки маблағи дар гардиш буда ва востаҳои асосии худро зиёд намояд. Ин маблағ барои чунин намуди фаъолиятҳо истифода бурда мешавад: хариду фурўш, истеҳсолот, барои коркарди маҳсулот, харидорӣ намудани мошин (автомобил) ва хизматрасонии автомобилӣ.

Таъминот: амволи манқул ва ғайриманқул
Маблағи қарз:  аз 100 то  50 000 доллари ИМА
Мўҳлати қарз : аз 3 то 36 моҳ.

Талаботҳои қарздиҳӣ:                       

  • Шахсони воқеӣ,  синашон аз 20 сола боло
  • Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ таҷрибаи корӣ доштан
  • Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ
  • Надоштани ўҳдадориҳо назди шахсони сеюм
  • Доштани таъминоти гарав

Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

  • Талабномаи қарзӣ
  • Шиносномаи шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҷои истиқомат
  • Рақами мушаххаси РМА
  • Шаҳодатнома оиди қайди давлатии соҳибкории инфиродӣ, литсензия ва ё патент.

 


Қарз барои хоҷагии қишлоқ

     Ин намуди қарз ба мизоҷон имконият медиҳад, ки маблағро барои ҳама намудҳои кишту кори хоҷагии қишлоқ истифода баранд. Маблағи гирифташуда метавонад барои тухмӣ, нуриҳои минералӣ, зархимикатҳо (пестицидов) ва сўзишворӣ истифода бурда шавад.

Таъминот: амволи манқул ва ғайриманқул
Маблағи қарз:  аз 100 то  50 000 доллари ИМА
Мўҳлати қарз : аз 3 то 36 моҳ.

Талаботҳои қарздиҳӣ

  • Шахсони воқеӣ,  синашон аз 20 сола боло
  • Дар соҳаи мазкур на кам аз 6 моҳ таҷрибаи корӣ доштан
  • Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ
  • Надоштани ўҳдадориҳо назди шахсони сеюм
  • Доштани таъминоти гарав

Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

  • Талабномаи қарзӣ
  • Шиносномаи шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҷои истиқомат
  • Рақами мушаххаси РМА
  • Шаҳодатнома оиди қайди давлатии соҳибкории инфиродӣ, литсензия ва ё патент

Қарзҳои истеъмолӣ

     Қарзҳои истеъмолӣ ба мизоҷ имкон медиҳанд, ки  барои  харидории ашьёи рузғор ба монанди телевизор, компутер ва ғайраҳо маблағ ба даст оранд. Инчуни қарз барои таъмири хона ва гузаронидани ҷашну маросимҳо низ дода мешавад.

Таъминот: амволи манқул ва ғайриманқул
Маблағи қарз:  аз 100 то  4 000 доллари ИМА
Мўҳлати қарз : аз 3 то 24 моҳ.

Талаботҳои қарздиҳӣ

  • Шахсони воқеӣ, синашон аз 20 сола боло  
  • На кам аз 6 моҳ таҷрибаи кори  доштан
  • Мувофиқат кардани фаъолият ба қонунгузории ҶТ, маълумотнома оиди музди корӣ барои ташкилотҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ
  • Надоштани ўҳдадориҳо назди шахсони сеюм
  • Доштани таъминоти гарав

Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

  • Талабномаи қарзӣ
  • Шиносномаи шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди  истиқомат
  • Рақами мушаххаси РМА
  • Шаҳодатнома оиди қайди давлатии соҳибкории инфиродӣ, литсензия ва ё патент барои соҳибкорон,  маълумотнома оиди музди корӣ барои коргарони ташкилотҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ

________________________________________________________________________________________

Бонки миллӣ
Курс на 24.08.2017
Мубодилаи асъор
Калькулятори карзи


Намуди қарз:

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ

Асъор*
Маблағ*

150-140000 СОМОНӢ ё 30-30000 USD

Шаҳр*

Шаҳри наздиктаринро нисбати ҷойгиршавии ҷои истиқомати худ интихоб намоед

Район*

Район, Ҷамоат, маҳали зистро муайян намоед

Оиди Ташкилот аз куҷо фаҳмидед*
Шарҳу эзоҳи худро гузоред:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки