ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Ҳаёт дар Ҳумо »

Хайрия

Кӯмаки хайриявӣ аз «Нури Ҳумо»

Бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди қарзии хурди «Нури Ҳумо» ба ятимхонаи барои кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб кӯмаки хайриявии худро расонид. Ин гурӯҳи кӯдакон аз ҳама бештар ба дастгирии мо ниёз доранд.

Инчунин ФҚХ «Нури Ҳумо» ба як писарбачае ноболиғе, ки бе падару модар монда ва бо вазъияти душвори зиндагӣ дучор шудааст, ёрӣ расонидааст.

Мо ният дорем, ки минбаъд ҳам ба муассисаҳои иҷтимоӣ бо ҳадди имкон дастгирии худро расонем.


Иқдоми хайриявии «Меҳру садоқати худро ҳадя намо»

Бахшида ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Ҳумо» иқдоми хайриявии бо номи «Меҳру садоқати худро ҳадя намо» гузаронид.

Дар доираи ин иқдом кормандони Ташкилот ба хонаи интернати кӯдаконаи ноҳияи Ҷ. Румӣ ташриф оварда, барои хурдсолакони ин даргоҳ кӯрпаҳои гарм тақсим намуданд.

Кормандони хонаи интернат ба Ташкилот сипосгузории худро изҳор намуда, умеди ба ҳамкории минбаъда, баён намуданд. Инчунин онҳо қайд намуданд, ки дар ибтидои хунукиҳои тирамоҳу зимистон, ин гуна тӯҳфаҳо барои кӯдакон хело муҳим буданд.

Дар Ташкилот ин гуна иқдомҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва кормандони ширкат тасмим гирифтанд, ки чунин иқдомҳои хайриявиро давом бидиҳанд.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дастгирӣ ва иштироки мо дар ҳаёти ин тифлакони дӯстрӯй, зиндагии онҳоро куллан ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардонад.

Ҳадя намудани айёми бачагонаи некбахтона ба ин кӯдакон, ба ҳар яки мо имконпазир аст!


Аксияи хайриявии «Дар интизории мактаб!»

Дар арафаи 1-уми сентябр дар ташкилоти «Ҳумо» аксияи хайриявии «Дар интизории мактаб!» оғоз ёфта буд. Ин чорабини махсусан барои дастгири намудани кӯдакони хонаҳои ятимон равона шуда, барои омода сохтани наврасон барои соли хониш ташкил шудааст. Дар доираи ин аксия кормандони Ташкилот якчанд хонаҳои ятимони ноҳияҳои Шаҳритус ва Истаравшанро ташриф оварда, барои кӯдакони ин даргоҳе, ки якум маротиба ба мактаб қадам мегузоран, молҳои канселяриро тақдим намуданд.

Инчунин барои ду нафар талабагони синфи яке, ки тарбиятгирандагони ятимхонаи барои хурдсолони ноҳияи Истаравшан ҳастанд, кӯмак расониданд. Ҳамин тавр маъмурият ва кормандони ташкилоти «Ҳумо» тавонистанд, барои кӯдаконе, ки аз ғамхории падару модар маҳрум гаштанд, як зарраи меҳру муҳаббати худро ҳадя намуданд.


Аксияи хайриявии «Шодии кӯдакон!»

Рӯзи 1-уми июн клуби «Инновация» дар ҳамкори бо ташкилотхои «Алегрия» ва «Дасти ёрӣ» барои тарбиягирандагони хонаҳои кӯдакони шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор аксияи фарогирандаи хайриявиро дар Тоҷикистон, тахти унвони «Шодии кӯдакон» гузаронид. Дар аксияи мазкур зиёда аз 100 нафар волонтёрон иштирок намуданд, ки ҳамаи онҳо ба 6 гурӯҳ ҷудо шуда, барои кӯдакони бепарастор ва кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд чорабиниҳои идона  ташкил доданд. Аксия тариқи дастгирии молиявии сарпарастон гузаронида шуд, ки дар катори онхо ТАҚХ "Ҳумо" низ фаъол мебошад. 

Зиёда аз 30 рӯз, барои ҳар як хонаи кӯдакон дар алоҳидагӣ, барномаҳои гуногуни шавқовар тайёр карда шуда буд. Ба ҳар як гурӯҳ, волонтёронеро, ки истеъдоди нишон додани чашмбанди (фокус), расомӣ, рақосагӣ ва ҳунарпешагӣ доранд, таклиф карда буданд.

Бо кӯдакон бозиҳои гуногуни шавқовар, мусобиқаҳо ва самоъҳо гузарониданд. Хурдсолаконро бошад, волонтёрон дар велосипедҳо ва мошинчаҳо сайр кунонданд. Хусусан, бозӣ бо рангҳо барои кӯдакон хеле фаромӯшнашаванда буд. Онҳо хам бо мӯйқаламҳо ва ҳам бо ангуштонашон рӯйҳои ҳамдигарро ранг карда, шодону хандон бозӣ мекарданд.

Баъд аз анҷоми бозию мусобиқаҳо, ба ҳар як кӯдак бозичаҳои хотиравӣ ва шириниҳо тӯҳфа карда шуд. Ин рӯз дар хотири зиёда аз ҳазор табриягирандагони хонаҳои кӯдакон, яке аз хушбахттарин ва хурсандтарин рӯз боқӣ монд!


Кӯдакон – гулҳои ҳаётанд

Яке аз он лаҳзаҳое, ки нигоҳи инсонро шод мегардонад – ин табассуми кӯдак аст. Дар як табассуми онҳо то чи андоза самимият ва боварӣ аст, ки ҳатто дили сангин ҳам нарм мешавад.  Ҳар як инсон инро дарк намуда, кӯшиш менамояд, ки ҳаёти сокинони хурди саёраи моро  беҳтар ва хуштар гардонад. Барои кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд бошад ғамхории мо, аҳамияти махсус дорад.

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон, 31- уми майи соли 2014, дар яке аз филиалҳои ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурӣ, барои кӯдакони нобино, маросими ботантана гузаронида шуд, ки дар гузаронидани он  ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» саҳми худро гузошт. 

Дар толори зебо оросташуда, барои кӯдакон, мусобиқаҳои гуногуни маънавӣ оиди моҳияти маданият ва санъат ташкил гардид.  Кӯдакон дар мавзӯъҳои Ватан, Сулҳ ва шахси аз ҳама азизтарин – Модар,  шеърҳо қироат намуданд. Бо иштироки худи хурдсолакон консерти шавқовар пешниҳод шуд, ки дар он, ҳамроҳи онҳо калонсолони нобино низ баромад карданд. Дар анҷоми маросим, ба ҳамаи кӯдакон мукофотҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар ин рўз, дар чашмакони нобинои  онҳо оташаки хомўшнашавандаи хурсандӣ ва хушбахтӣ дида мешуд. Диққату эътибори мо барои кўдакони имкониятҳояшон маҳдуд хеле муҳим аст.  Кўдакон ояндаи моянд ва вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки  ҳаёти онҳоро пур аз шодию хурсандӣ  гардонем.  


Иқдоми хайриявӣ дар шаҳри Кӯлоб

Бахшида ба рӯзи иди 9-май дар филиали ташкилоти Ҳумо дар шаҳри Кӯлоб  иқдоми хайриявӣ гузаронида шуд. Бо муроҷиати   мактуби «Маркази хизматрасонии иҷтимои»-и ш. Кӯлоб ба филиал, Ташкилот барои 20 нафар нафақахӯрони яккаву танҳо иқдоми хайриявӣ ташкил намуд. Ба ҳар як нафақахӯр  маводҳои озуқавории лозимӣ харидорӣ карда шуд. Дар арафаи ид, директори филиали Кӯлоб шахсан ба хонаи ҳар як нафақахӯр ташриф оварда онҳоро бо иди Ғалабаи Бузург  табрик намуд.

Пиронсолони яккаву танҳо ба нигоҳубин ва муносибати ғамхоронаи ҷамъият хеле мӯҳтоҷ мебошанд. Бекасӣ  ҳайёти онҳоро душвор кардааст ва вазифаи ҳар як шахс  нисбати ин одамони бепарастор, батоқат ва бодиққат будан аст.

Дар гузаронидани иқдомҳои хайриявӣ барои шахсони мӯҳтоҷ ташкилоти Ҳумо фаъолона иштирок мекунад. Ташкилот ба ҳадафҳои иҷтимоӣ риоя карда, ҷамъияти имрӯзаро дар мақсадҳои нек дастгирӣ менамояд.

Ташкилоти Ҳумо муҳимияти гузаронидани иқдомҳои хайриявиро дарк мекунад. Мунтазам гузаронидани чунин иқдомҳои хайриявӣ боиси баланд бардоштани обрӯи Ташкилот дар байни мизоҷон гардидааст.


Иқдоми хайриявӣ бахшида ба рӯзи иди Ғалаба барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Иди Ғалабаи бузурги 9-уми май, яке аз муҳимтарин ҷашнҳои кишвари мо  мебошад. Дар таърихи кишварамон ин даҳшатноктарин, таъсирбахштарин ва беҳтарин ид ба шумор меравад. Гузаштагонамон барои муҳофизати ояндаи мо ҷони худро дареғ надошта, ба мо имконият доданд, ки дар сулҳ ва озодӣ зиндагонӣ намоем. Дар арафаи иди Ғалабаи бузург, ташкилоти Ҳумо барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  иқдоми хайриявӣ гузаронид. Кормандони Ташкилот ба хонаи панҷ нафар иштирокчиёни ҷанг:  Сафаров Шариф, Содиқов Содиқ, Абдуллоев Хаскаш, Чилин Николай ва Турсунова Маҳбуба ташриф оварданд. Аз ташрифи меҳмонон иштирокчиёни ҶБВ хушҳол шуданд. Онҳо кормандони ташкилотро хеле хуш пазируфтанд ва аз тӯҳфаҳо бениҳоят шод шуданд.

Иштирокчиёни ҷанг аз хотираҳои худ ба мо ҳикоя карданд. Турсунова Маҳбуба мегӯяд, ки дар солҳои ҷанг ӯ ҳамроҳи ҳамсараш разведкачӣ буданд. Онҳо ҳама мусибатҳои вазнини ҷангро аз сар гузаронида, баъдан якҷоя хушбахтона умри дароз диданд. Инчунин, соли 2010 ба ҷашнгирии иди 9-уми май  Турсунова Маҳбубаро ба шаҳри Москваи Федератсияи Руссия даъват намуда буданд, ки дар он ҷо ӯро Владимир Владимирович Путин  шахсан табрик карда, тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Иштирокчии ҷанг Содиқов Содиқ 91 сол умр дорад. Ӯ дар ҷанг аз рӯзи аввал то охир иштирок кардааст. Ҳангоме ки ҷанг сар шуд  Содиқов Содиқ дар аскарӣ хизмат мекард ва ҷанг сабаби он шуд, ки ӯ 7 соли умрашро дар хизмат  гузаронид. - «Меҳр ба Ватан, ба озодӣ ба мо кӯмак кард, ки аз ҳамаи даҳшат ва фоҷиаи ҷанг гузарем. Боварӣ ба ғалаба ба мо қувват бахшид, ки ҳамаи ин бадбахтиҳоро паси сар карда, ғолибиятро ба даст орем»-мегуяд Содиқов Содиқ.

Мутаассифона солҳо мегузаранд ва иштирокчиёни мо хеле кӯҳансол шудаанд. Баъзе аз онҳо ҳатто имконият надоранд, ки мустаъқилона сухан гуянд ва ҳаракат кунанд. Мо дар чашмони онҳо ашки шодӣ дида, ба хулоса омадем, ки як лаҳза диққати мо то чи андоза  онҳоро шод мегардонад. Дунё гузарон аст ва сол аз сол ҷанговарони мо кам шуда истодаанд. Ин одамон қаҳрамонанд, онҳо ба ҳама душвориҳои ҳаёт нигоҳ накарда, борои оянда ва озодии мо бо марг мубориза бурданд. Ҳамду сано бар Шумо, таъзими бепоён ва ташаккури зиёд!

 


Ба кўдакон табъи хуршедро тўњфа намоед

Дер боз дар дил ният доштам, ки иқдоми «Ба кӯдакон табъи хуршедро тӯҳфа намоед»-ро ташкил диҳам… шояд пурсон шавед, аз чи сабаб ба ин фикр омадам.

Соли гузашта, бо дугонаҳоям ва фарзандонамон ба «Боғи Пойтахт»и ш. Душанбе рафта будем. Дар он ҷо ман кӯдаконро мушоҳида намуда ба хулосае омадам. Фарзандоне, ки дар оилаҳои пурра ба воя мерасанд, то чи андоза сернозунузанд, ҳамеша аз ҳама чиз норозӣ буда, худашон намедонанд чи мехоҳанд. Фикр мекунам, ки дар ин масъала шахсони зиёде бо ман розӣ мешаванд. Он лаҳза маро фикре фаро гирифт. Ҳастанд кӯдаконе, ки аз ин хурсандиҳои ҳаёт тамоман маҳруманд ва шояд онҳо ҳеҷ гоҳ аз он чархуфалакҳое, ки мо дар овони кӯдакӣ хеле дӯст медоштем,  наметавонанд  ҳузуру ҳаловат баранд. Аз ин ҷо  нияти ташкил додани сайругашт барои кӯдакони ятимхона дар «Боғи пойтахт»-и ш. Душанбе ба фикрам омад, то ки онҳо дар чархуфалакҳо бозӣ карда, каме ҳам бошад хурсандӣ бинанд.

Аз сабаби гармии ҳаво дар фасли тобистон,  ин иқдомро дар фасли баҳор гузаронидем.

Волидон ҳам фарзандонашонро ба тамошо бисёртар дар ин фасли сол мебароранд. Чунки фасли баҳор барои сайру гашт аз ҳама ватқи муносиб мебошад: табиат аз хоби зимистона бедор мешавад, рӯзҳо дарозтар шуда, офтоб бо ҳузури худ инсонро хушҳол менамояд ва ҳар як фард ҳаракат мекунад, ки ба ҷигарбанди худ лаҳзахои шодии фаромӯшнашаванда бахшад.

Аммо набояд фаромӯш кард. Кӯдаконе ҳастанд, ки орзуӣ ақаллан ба тамошо баромаданро доранд. Мехоҳанд, ки мисли дигарон ба онҳо ҳам касе диққат диҳад,  меҳр бандад.

Вақте, ки ман  ин иқдомро пешниҳод намудам, ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки ман онро метавонам амалӣ гардонам.

Барои гузаронидани ин иқдом маблағи иловагӣ лозим буд. Ман ба ташкилотҳо бо мактуб муроҷиат намудам, ва аз 50 ташкилот танҳо 10 ташкилот барои иштирок дар ин иқдом розӣ шуданд. Вале мутаасифона дар охир аз 10 ташкилот, танҳо 2 ташкилот (ҶДММ «АНТО» ва ҶСП «Ҳумо») ба ман барои гузаронидани ин иқдом маблағ ҷудо намуданд.

Баъд аз чунин муносибат, ман боз ҳам зиёдтар кӯшиш намудам, ки ба нияти худ расида, ба кӯдакон як рӯзи хушбахтӣ ҳадя намоям! Ва ба мақсад расидам!

Ман фикр кардам, ки кӯдакон каме хуш ҳол мегарданду халос… Аммо иштибоҳ кардам… Ман ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки  то чи андоза онҳоро хушбахт мебинам!!! Онҳо аз як чархуфалак ба дигараш давида, хоҳиш мекарданд ки онҳоро боз ва боз ҳам ба чархуфалакҳои дигар  савор кунанд. Дар муддати се соате, ки дар боғ гузарондем, кӯдакон чунон ҳаловат бурданд, ки чашмони онҳо пур аз хушбахтӣ буд. Онҳо чунон бо бозиҳои худ овора буданд, ки ҳатто аз нӯшидани об ҳам даст мекашиданд. Барои хушбахтии онҳо он қадар чизи зиёд ҳам лозим набуд.  Танҳо рӯҳияи баланд ва диққати калонсолон.

Мехостам, ба кормандони «Боғи пойтахт» миннатдории бепоёни худро изҳор намоям. Ҳар яке аз ин кормандон омодаи он буданд, ки нисбати ҳар як кӯдак боаҳмият бошанд, онҳоро ба оғуши худ гирифта, каме бошад ҳам меҳру муҳаббати худро ба онҳо бахшанд. Дар муддати ин се соат, ҳар яке аз кӯдакон кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи бештар дастони калонсолонро дошта аз меҳрубонии онҳо ҳаловат баранд.

Хеле шодам, ба ниятам расидам! Умеди онро дорам, ки  Фонди Иҷтимоии  мо ба ин кӯдакони бепарастор, дар оянда боз ҳам зиёдтар хурсандӣ меорад.

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ

Асъор*
Маблағ*

150-140000 СОМОНӢ ё 30-30000 USD

Шаҳр*

Шаҳри наздиктаринро нисбати ҷойгиршавии ҷои истиқомати худ интихоб намоед

Район*

Район, Ҷамоат, маҳали зистро муайян намоед

Оиди Ташкилот аз куҷо фаҳмидед*
Шарҳу эзоҳи худро гузоред:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки