ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Ҳаёт дар Ҳумо »

Варзиш

Чемпионат «Хумо» по мини-футболу 2016

С 17 сентября по 15 октября 2016 года состоялся Чемпионат «Хумо» по мини-футболу. В этом году в первенстве учувствовали 21 команды, многие из которых стали дебютантами турнира.  Все команды имели хорошие шансы и на играх выкладывались на все 100%. Каждая команда рвалась к победе до последних секунд матча. Так минуя все преграды и оставляя своих соперников за бортом, до финала добрались команды Головного офиса и Турсунзаде, где убедительную победу одержала команда Головного офиса. Матч закончился со счетом 4:1 в пользу ГО.

Беспроигрышная и уверенная серия игр принесли команде ГО заслуженное чемпионство. Ребята доказали, что способны на многое. Это победное шествие к заветному титулу тому доказательство. Но сам успех пришел не случайно, а благодаря кропотливой и целеустремленной работе тренерского состава команды, высокому мастерству футболистов и активной поддержки болельщиков.

Соперники — команда Турсунзаде по ходу всего матча также оказывала достойное сопротивление, но, увы удача в этот день оказалась не на их стороне. Однако стоит отметить, что команда Турсунзаде показала себя как сложенная, организованная и дисциплинированная команда на протяжении всего турнира.

Также 15 октября состоялся матч за третье место между командами Вахш и Гиссар. Основное время закончилось в ничью 4:4. Победитель этого мачта смог определиться только по серии пенальти, где удача сопутствовала команде из Вахша. Итог 6:5 и достойное третье место.   

На церемонии награждения помимо кубка и медалей, со стороны Генерального директора и руководящего состава Организации были врученные грамоты и ценные призы лучшим игрокам Чемпионата. Так победителями в номинациях стали:

Лучший игрок — Махмадов Аминчон (Турсунзаде)

Лучший защитник — Кудусов Фаридун (Вахш)

Лучший вратарь — Рахмонов Зулфикор — (ГО)

Лучший бомбардир — Сафаров Диловар (ГО)

     

    

 Подводя итоги деятельности, так же отметим, что в ходе данного турнира удалось добиться положительных перемен с точки зрения организации соревнований.

От имени всех сотрудников ЗАО МДО «Хумо» выражаем огромную благодарность всем командам, принявшим участие Чемпионате, а также надежду на то, что команды, которые не смогли на групповом этапе выйти в следующий круг добьются успехов чемпионата «Хумо» в следующем году!

Бозии рафиқона

Рӯзи 23 апрели соли 2016 дар маҷмааи варзишии «САМАНДАР XXI», ки дар шаҳри Турсунзода воқеъ мебошад, байни дастаҳои футболи филиалҳои «Эсхата» ва «Ҳумо» бозии рафиқона баргузор гардид.

Бозӣ басо ҷолибу шавқовар ва бо шиддат ҷараён гирифта, ба манфиати дастаи «Ҳумо» бо ҳисоби 5:9 анҷом ёфт.

Ҳамаи футболбозони дастаи филиали Турсунзодаро бо ин ғолибият табрик намуда, ба онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда мувафақиятҳои беназирро таманно дорем!


Чемпионати Ҷумҳуриявӣ оид ба футзал

                                                  

Аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи марти соли 2014 Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи Футзали Тоҷикистон чемпионати Ҷумҳуриявӣ оид ба футзалро байни дастаҳои ғайрикасбӣ гузарониданд. Дар мусобиқа 36 даста иштирок варзиданд. Дастаҳо аз рӯи минтақаҳои зерин тақсим шуда буданд: Душанбе, Суғд ва ВМБК. Мусобиқаҳои интихобӣ дар сатҳи минтақавӣ гузаштанд. Дар бозиҳои финалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буданд, мувофиқи низомномаи мусобиқа, чор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе, се дастаи минтақаи Суғд ва як дастаи минтақаи ВМБК иштирок варзиданд. Дастаи «Ҳумо» дар бозиҳои минтақавӣ ҷои чорумро ишғол намуда, дар байни дастаҳои беҳтарин  ба финал баромад.

Иштирок дар бозиҳои финалӣ насиби 8 даста гардид. Аз минтақаи Душанбе  дастаҳои «Бонки миллӣ», «Роял паб», «Сафариён» ва «Ҳумо», аз минтақаи Суғд дастаҳои «Рахш» -намояндаи Бонки миллии ш. Хуҷанд,  «Шапалак», «Сипар» ва аз минтақаи  ВМКБ дастаи «Помир» интихоб шуданд. Дар чемпионати Ҷумҳуриявӣ оид ба Футзал, дастаи «Ҳумо» сазовори ҷои сеюм гардид. Ҷои якумро дастаи Бонки миллии ш.Душанбе ва ҷои дуюмро дастаи «Роял паб»-и ш. Душанбе соҳиб шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар мусобиқа барои ишғоли ҷои сеюм, дастаи «Ҳумо» бо дастаи «Рахш»-и Бонки миллии ш.Хуҷанд бозид. Пеш аз ин, соли 2013  ин дастаҳо дар ш.Хуҷанд, дар чемпионати Бонкҳо иштирок варзида буданд. Дар натиҷа ғолибиятро барои ишғоли ҷои якум дастаи «Рахш»-и Бонки миллии ш.Хуҷанд ба даст оварда буд. Мусобиқаи дастаҳоро дар ш.Душанбе мусобиқаи интиқомӣ номидан низ мумкин аст, ки дар он дастаи «Ҳумо» бо ҳисоби 5:4 ғолиб баромад. 

Дар байни иштирокчиёни беҳтарини мавсими бозиҳои футбол, корманди Саридораи ташкилот Воҳидов Пайрав, ки  тренери дастаи «Ҳумо» мебошад, ҳамчун тренери беҳтарин интихоб гардид.

Дастаи «Ҳумо» дар ҳама мусобиқаҳои шаҳрӣ ва Ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок варзида, ба нишондиҳандаҳои беҳтарин расидааст. Мо аз чунин дастовардҳо ифтихор мекунем ва дар мусобиқаҳои ояндаи чемпионатҳои шаҳрӣ ва Ҷумҳуриявӣ ба дастаи «Ҳумо» бурдбориҳои нав орзумандем. Ҳумо Чемпион! Ҳумо Чемпион!

 


Чемпионати пойтахт оид ба футбол

Дар шаҳри Душанбе чемпионати пойтахт  оид ба футзали фаслҳои  2013-2014 ба анҷом расид. Бозиҳо дар ду гурўҳ гузаштанд: силсилаи «А»  ва силсилаи «Б». Дастаи «Ҳумо» дар мусобиқаи гурўҳи силсилаи  «А» иштирок намуд. Чемпионати сеюм зери ҳимояи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва иттифоқи Футзалҳои Ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Ёдрас мекунем, ки қабл аз ин ғолибиятро дар силсилаи «А» гурўҳи «Эҳсон» (2011-2012) ва  «Бонки миллӣ» (2012-2013) ба даст оварда буданд.  Ҳар се мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии «Элит»-и кумитаи Андози Тоҷикистон, дар ду марҳила, аз моҳи ноябр то феврал баргузор гардиданд. Дар мавсими силсилаи «А» нуҳ даста иштирок варзиданд. Дастаи «Бонки миллӣ» дар бозии силсилаи «А» ва дастаи «Ориёнбонк» дар бозии силсилаи «Б» ғолибиятро ба даст оварданд. Дастаи «Ҳумо» дар бозиҳои силсилаи «А» ҷои чорумро ишғол намуд ва сазовори роҳхат дар бозиҳои ҷумҳуриявии Чемпионати Ҷумҳурӣ гардид. Зимни суханронии худ сардори кумитаи футзали Федератсияи футбол дар Тоҷикистон Комрон Шодиев қайд кард: Мувофиқи низомномаи Федератсияи футбол, ҳар чор дастаи силсилаи «А» - «Бонки миллӣ», «Роял Паб», «Сафариён» ва «Ҳумо»  дар чемпионати ҷумҳуриявӣ, ки аз 20-ум то 25-уми марти соли ҷорӣ барпо мегардад, аз тарафи минтақаи Душанбе  иштирок мекунанд.  

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ

Асъор*
Маблағ*

150-140000 СОМОНӢ ё 30-30000 USD

Шаҳр*

Шаҳри наздиктаринро нисбати ҷойгиршавии ҷои истиқомати худ интихоб намоед

Район*

Район, Ҷамоат, маҳали зистро муайян намоед

Оиди Ташкилот аз куҷо фаҳмидед*
Шарҳу эзоҳи худро гузоред:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки